Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси ниҳоди зиддифасод дар ҳукумати Афғонистон


Имрӯз Афғонистон дар бораи таъсиси як ниҳоди муҳими муқобила бо ҷинояткорӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз фасодкории мақомоти баландпояи ҳукумати ин кишвар хабар дод. Хабари мазкур аз забони Ҳаниф Атмар, вазири умури дохилии Афғонистон садо дод. Сохтори нав як бахше аз додситонии кулии Афғонистон хоҳад буд ва кормандони он аз ҷониби ҳайати полиси Иттиҳодияи Аврупо ва мутахассисони Бритониёву Амрико омӯзиш дода мешаванд. Дар паи интихоби дубораи Ҳомиди Карзай ба мақоми президентӣ вай зери фишори азими интиқодҳо аз афзоиши ришвату фасод дар сохторҳои ҳукуматии Афғонистон қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG