Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти иқлим вазъи гуруснагиро шадидтар мекунад


Нишасте, ки бо ҳадафи кӯмак ба садҳо миллион мардуми гурусна дар ҷаҳон ташкил шудааст, имрӯз дар Рум, пойтахти Итолиё шурӯъ ба кор кард. Дар ин ҳамоиш, ки бо ибтикори Созмони ҷаҳонии ғизо ташкил шудааст, ҳудудан 60 раҳбари ҷаҳон, вазирони кишоварзӣ ва мақомоти дигари баландпоя гирди ҳам омадаанд. Вале Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё танҳо раҳбари узви ҳаштгонаи кишварҳои саноатии ҷаҳон аст, ки дар ин нишаст ҳузур дорад. Зимни суханрониаш дар оғози ҳамоиш дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, ки дастёбӣ ба созишномаи тағйироти иқлим моҳи декабр дар Копенҳаген барои муқобила бо гуруснагӣ хеле муҳим хоҳад буд:

“Бӯҳрони ғизои имрӯза занги ҳушдорест барои фардо. То соли 2050 эҳтимолан сайёраи мо хонаи 9,1 миллиард аҳолии ҷаҳон, яъне ду миллион бештар назар ба имрӯза хоҳад шуд. Дар ин фурсат иқлими замин ҳам хеле тағйир меёбад. Мо медонем, ки то соли 2050 мо 70 дар сад ғизои бештар ниёз хоҳем дошт. Вазъи ҳаво то рафт пуршиддат ва ғайри қобили пешбинӣ мешавад. Дар бисёр нуқоти ҷаҳон захираҳои об коҳиш меёбанду заминҳои кишт аз байн мераванд”.

Бино ба арзёбиҳои СММ, эҳтимол дорад то охири соли ҷорӣ шумори ниёзмандони ғизо дар саросари сайёра боз 100 миллион нафaр афзуда аз марзи як миллиард инсон ҳам гузарад.
XS
SM
MD
LG