Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои созиши нави газии миёни Аврупову Русия


Иттиҳодияи Аврупо ва Русия як низоми нави огоҳкунандаи пеш аз вақти бӯҳронеро, ки метавонад бар сари таъмини энержӣ пеш ояд, эҷод карданд. Низоми нав ҷорикунии қоидаҳои мушаххасро дар назар мегирад, ки барои огоҳкунии ҷониби муқобил аз ҳар гуна мушкили дар пешистода иборат буда шонси шарики энержиро барои қатъи бидуни огаҳии газ ба таври якҷониба кам кунад. Созишномаи мазкур имрӯз дар Маскав миёни комиссионери умури энержии Иттиҳодияи Аврупо Андрис Пиебалгс ва вазири энержии Русия Сергей Шматко имзо шуд. Моҳи январ баҳси сари нарху қарзҳо миёни Русияву Украина боиси қатъи чандрӯзаи газ ба масрафкунандаҳои он дар Иттиҳодияи Аврупо шуд. Созиши имрӯз ба имзорасида кори миёни тарафҳоро дар масъалаи интиқоли гази русӣ ба Иттиҳодияи Аврупо беҳтар ба роҳ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG