Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абхозистон соҳиби коди телефонии русӣ шуд


Ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон бо қабули рамзи телефонии байналмилалии русӣ боз як қадами дигар ба Русия наздик шуд. Аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ барои тамосгирӣ бо Абхозистон пеш аз рақами дохилӣ нахуст бояд коди -7 гирифта шавад. Мушовири аршади раҳбари Абхозистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Ройтерс гуфт, ки коди пешинаи ин ҷумҳурӣ то 1 январи имсол амал хоҳад кард. Русия гуфт, ки талош хоҳад кард Абхозистон соҳиби як коди вижаи давлатии худ шавад. Августи соли гузашта баъди ҷанги кӯтоҳмуддати миёни Осетияи Ҷанубиву Абхозистон Маскав истиқлолияти ин ду ҷумҳуриро ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG