Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти акси "Бозгашти муҳоҷир"


Иброҳимҷо Рустамов дар назди хона-музейи Марк Твейн
Иброҳимҷо Рустамов дар назди хона-музейи Марк Твейн

Қиссаҳои ҷолиб идомаи ҷолиб доранд ва мӯъҷизаи интернет гаштаю баргашта касро ба ҳайрат меорад.

Тавре дар ҷустори гузаштаи "Блогистони Озодӣ" хонда будед, як акс тавонистааст, бархе аз мушкилиҳои муҳоҷирони тоҷикро бозгӯ кунад.

Вақте ин аксро бо каме шарҳ нашр кардем, ҳанӯз намедонистем, ки муаллифи он яке аз дӯстони деринаи радиои "Озодӣ", намояндаи аршади тоҷикон дар донишномаи "Википедия" Иброҳимҷон Рустамов аст.

Дар интернет танҳо исми кӯчаки он кас нашр шуда буд ва танҳо дертар, вақте номаи ӯро гирифтем, номи хонаводагиашонро илова кардем. Муаллиф олиҳимматона ду акси дигарашро аз ҳамин ҳодиса низ ба мо фиристод.

Аз ҳавопаймо фуромадани Субҳониддин



Иброҳимҷон дар номааш навиштааст, ки ин аксҳоро рӯзи 7-уми августи соли 2007 ҳангоми сафар аз Тайван ба Тоҷикистон ба воситаи Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Красноярски Русия дар фурудгоҳи Красноярск гирифтааст.

Кормандони фурудгоҳ баъд аз ин барои Иброҳимҷон мушкилиҳо сохтанд. Ӯро айбдор карданд, ки ду ройона (компютер) дорад ва барои дувумияш бояд молиёти давлатӣ супорад. Вале дӯсти мо, ки қонунро медонист, гуфт, вай мусофири раҳгузар (транзит) аст ва дар Русия нахоҳад монд, балки ба Тоҷикистон хоҳад рафт.

Пас аз баҳсу кашокаши зиёд далели ӯро пазируфтанд, вале мушкили дигарро ҳангоми супурдани ҷомадонаш пеш оварданд. Онҳо талаб карданд, ки ҷомадон бояд селофанпеч шавад ва барои ин 200 рубли русӣ супорад.

Дар ниҳояти амр Иброҳимҷон маҷбур шуд, ин маблағро бипардозад, аммо аз рафтори кормандони фурудгоҳи Красноярск бо мусофирони тоҷик норозӣ монд. Ин ҳам дар ҳоле ки хабари дар ҳамин ҳавопаймо ба ватан сафар кардани ду муҳоҷири дигар андаруни тобут ҳамаи тоҷиконро нороҳат карда буд.

Субҳониддин, ки дар акси дигар фуромадани ӯ аз ҳавопаймо тасвир шудааст, гуфтааст, ки аз тори бино афтода, пояшро шикастааст. Ӯро аз зери шикастпораҳо берун овардаанд.
Бозгашти муҳоҷир
Хуб мешуд, агар ин қиссаро кадоме аз Шумо идома медод. Масалан, бо пешниҳоди ин маълумот, ки ҳоло вазъи Субҳонуддин чӣ гуна бошад? Оё боз маҷбур ба муҳоҷират шудааст ва ё ниҳоят дар Ватан коре барояш пайдо гашт?
XS
SM
MD
LG