Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери Қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2010 имзо гузошт.

Қонуни мазкурро ҳафтаи гузашта Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии худ дар шаҳри Душанбе қабул карда буд.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар, тарҳи ин буҷаро зиддибӯҳронӣ номидааст. Буҷаи зиддибӯҳронии соли оянда 6 миллиарду 537 миллион сомониро дарбар дорад, ки ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, барои соли 2010 низ хислати иҷтимоии буҷа ҳифз шудааст.

Барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ёрипулиҳо ва моҳонаи кормандони буҷавӣ 1,1 миллиард сомонӣ ва барои соҳаи маориф 1 миллиарду 68 миллион сомонӣ ба назар гирифта шудааст. Дар соли 2010 соҳаи беҳдошт 404 миллион сомонӣ ва фарҳангу варзиш 214 миллион сомонӣ хоҳанд гирифт.

Дар буҷаи нав ҳаҷми ММД дар соли 2010 24,5 миллиард сомонӣ ба назар гирифта шудааст, ки ин рақам тақрибан чаҳор миллиард сомонӣ аз ММД-и имсола бештар будааст.

Дар буҷаи нав сатҳи рушди истеҳсолот дар ҳаҷми 5 дарсад ва таваррум 9 дарсад дар назар гирифта шудааст. Иқтисоддорони Тоҷикистон арзиши як доллари амрикоиро дар давоми соли 2010 дар сатҳи 5 сомонӣ ба нақша гирифтаанд.

Дар буҷаи соли 2010 барои бунёди нерӯгоҳи Роғун тахсиси 650 миллион сомонӣ ба назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG