Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нав барои ҳамгироии иқтисодӣ


Раҳбарони кишварҳои Осиёву Уқёнусия ба хотири рушди иқтисодии ҷаҳонӣ хостори шеваи нави ҳамоиши иқтисодии байналмилалӣ шуданд. Дар поёни нишасти худ дар Сингапур, ин раҳбарон гуфтанд, агарчанде, ки бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ коҳиш фӯру менишинад, аммо тиҷорати ҷаҳонӣ наметавонад аз роҳҳои қадима пеш биравад. Сарони кишварҳои Осиёву Уқёнусия қавл доданд, то замони бозгашти иқтисод ба рушди бардавом, аз сиёсатҳои кӯмак ба рушди тиҷорат, даст нахоҳанд кашид. Дар баёнияи муштараки онҳо омадааст, кишварҳо бояд барои “рушди қавӣ, муназзам ва мутавозини иқтисодӣ” кор кунанд ва бо сиёсате, ки барои тамоми арсаҳо имконоти рушдро таъмин намояд, аз ҷумла барои занону, соҳибкорони хурд. Дигар ин ки, дар ҳаққи муҳити зист ғамхорӣ кунанд ва бо рушди иқтисодӣ фақрро ҳам коҳиш бидиҳанд. Дар Форуми Иқтисодии Осиёву Уқёнусия, раҳбарони 20 кишвар аз ҷумла Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамтои руси ӯ Дмитрий Медведев ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG