Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи Косово ором баргузор шуд


Қарор аст, имрӯз натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Косоворо эълом кунанд, ки пас аз эъломи истиқлолияташ аз Сербия бори аввал аст, баргузор мешавад. Дар интихоботи раисони шаҳрҳову маҷлисҳои маҳаллии Косово якуним миллион нафар ҳаққи раъйдиҳӣ доштанд. Ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ, бештар аз 45 дар сади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат варзидаанд, вале ҳузури сербҳои муқими Косово дар интихобот камтар аз 38 дар сад будааст. Пас аз эъломи истиқололи Косово, 60 кишвари ҷаҳон онро ба расмият шинохтаанд, аз ҷумла Амрико ва аксари кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо. Русия ва Сербистон, истиқлолияти Косоворо напазируфта ва мегӯянд, Косово бояд ҷузъе аз қаламрави Сербистон бошад.
XS
SM
MD
LG