Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздиди Барак Обама аз Чин


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, боздиди серӯзааш аз Ҷумҳурии Мардумии Чинро оғоз кард. Вай аз Сингапур вориди шаҳри Шанхай шуд ва пеш аз сафараш ба Пекин бо мақомоти расмии Чин дар он шаҳр мулоқот хоҳад кард. Чин ҳоло аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Амрикост. Барак Обама пас аз поёни боздидаш аз Чин ба Куриёи Ҷанубӣ сафар карда ва боздиди нӯҳрузааш аз кишварҳои осиёиро хотима медиҳад.
XS
SM
MD
LG