Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "Вошингтон ба Карзай эътимод дорад"


Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико гуфт, ки кишвараш ба ҳузури тулонӣ дар Афғонистон манфиатдор нест. Хонум Клинтон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони АВС изҳор намуд, "мо мехоҳем возеҳ бикунем, ки дар он ҷо аҳдофи дарозмуддат надорем". Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи Вошингтон дар Афғонистон – пирӯзӣ аз болои “Ал-Қоида” ва раҳо кардани мардуми ин кишвар аз шарри “Толибон” аст. Хонум Клинтон афзуд, ки Кохи Сафед ба Ҳомид Карзай эътимод дорад ва умедовар аст, ки ҳукумати нави Афғонистон комёб шавад.
XS
SM
MD
LG