Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластин аз СММ хостори истиқлоли кишвар хоҳад шуд


Мақомоти Идораи худгардони Фаластин аз Шӯрои амнияти СММ дархости расмии эътирофи давлати мустақили Фаластинро хоҳанд кард. Дар ин бора раиси ҳайати Фаластин дар музокироти сулҳ бо Исроил Соҳиб Эракот ба хабаргузории Франс Пресс иттилоъ дод ва афзуд, ки Фаластин мехоҳад то кишварро дар марзҳои то “ҷанги панҷрӯза”-и соли 1967 эътироф кунанд ва Байтулмуқаддас пойтахти Фаластини мустақил эълон шавад. Мақомоти Идораи худгардони Фаластин ҳукумати Исроилро дар он айбдор мехонанд, ки бо вуҷуди талошҳои дипломатии ИМА, аз эҳёи музокироти сулҳи Ховари Миёна сарпечӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG