Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Обама барои раҳоии Аун Сан Су Чӣ


Раисиҷумҳури Амрико аз мақомоти Мянмар даъват намуд, ки раҳбари мухолифин Аун Сан Су Чӣ ва дигар маҳбусони сиёсиро озод кунанд. Имрӯз Барак Обама баъд аз хатми саммити ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) ширкат кард. Ин нахустин дар таърих нишасти АСЕАН аст, ки дар он ҳам президенти Амрико ва ҳам сарвазири режими низомии Мянмар ҳузур доштанд.
Кохи Сафед алайҳи Мянмар таҳримҳо ҷорӣ кардааст ва ҳамзамон талошҳоро барои дарёфти робитаи дипломатӣ бо ин режими низомӣ афзоиш медиҳад. Вошингтон мехоҳад раҳбарони Мянмарро ба зарурати ислоҳоти демократӣ мутмаин созад.
XS
SM
MD
LG