Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хирс мӯе?


Дар як музояда дар Ню Йорк садҳо чизу чораи шахсии сармоядор Бернард Мэдофф, ки айни ҳол бо иттиҳоми қаллобӣ дар маҳбас ба сар мебарад, фурӯхта шуданд. Аз фурӯши ашёи шахсӣ тақрибан як миллион доллар ҳосил шуд, ки ба хазинаи кумак ба афроди аз қаллобиҳои Мэдофф зарардида интиқол дода мешавад.
Тобистони соли равон додгоҳ Мэдоффи 71-соларо барои қаллобӣ аз роҳи ташкили “пирамидаи молӣ” ба 150 соли зиндон маҳкум кард. Зимни тафтишот ошкор шуд, ки Мэдофф 65 миллиард доллари муштариёнашро рабудааст. Тибқи ҳукми додгоҳ Мэдофф бояд 171 миллиард доллар ҷубронпулӣ пардохт кунад.
XS
SM
MD
LG