Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Косово барои нахустин бор интихобот доир шуд


Субҳи имрӯз дар Косово раъйдиҳӣ дар интихоботи мақомоти маҳаллӣ шурӯъ шуд. Ин нахустин интихобот баъд аз эълони истиқлоли кишвар дар моҳи феврали соли 2008-ум аст. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин маъракаи сиёсӣ тақрибан яку ним миллион шаҳрвандони соҳиби ҳаққи раъй ширкат мекунанд. Мақомот барои таъмини амният ва ба хотири ҷилавгирӣ аз бархурду низоъҳои қавмӣ панҷ ҳазор кормандони полисро сафарбар кардаанд.
Намояндагони аққалиятҳои серб дар мавриди ширкат дар раъйдиҳӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд – беш аз 80 ҳазор нафари онҳо гуфтанд, ки пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ меоянд. Тақрибан 40 ҳазор сербҳои боқимонда, ки дар манотиқи шимолии ҳаммарз бо Сербия ба сар мебаранд, бо даъвати Белград интихоботро таҳрим кардаанд. Баъд аз берун шудани Косово аз ҳайати Сербия истиқлоли ин минтақаро беш аз 60 кишвар, ба шумули ИМА ва бештари давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, пазируфтанд. Сербия ва Русия эълом доштанд, ки Косоворо чун кишвари мустақил эътироф нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG