Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон нашри аксҳои бадрафтории сарбозонро манъ кард


Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс нашри аксҳои бадрафториву шиканҷаи сарбозони амрикоӣ нисбати боздоштшудаҳоро манъ кард. Ба гуфтаи сарвари Пентагон, нашри ин гуна аксҳо ба ҳаёти сарбозонии амрикоии мустақар дар хориҷи кишвар таҳдид мекунад.
Аз ин пеш мақомоти додгоҳии федеролии ИМА далелҳои ҳукумат барои ногузирии манъи нашри аксҳои бадрафтории сарбозони кишварро рад карда буданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар барои чопи ин аксҳо дар нашрияҳо пойфишорӣ доранд ва мегӯянд, ки аз аъмоли ғайриқонунии низомиёни кишвар бояд ҳама огаҳ бошанд.
XS
SM
MD
LG