Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Сингапур бо имзои эъломия поён ёфт


Нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором дар Сингапур бо қабули эъломияи ниҳоӣ поён ёфт. Дар ин санад ба идомаи талошҳои кишварҳои узв барои ташаккули системи тиҷорати озод ва рушоди байнулмилалӣ таъкид шудааст. Дар эъломия ҳамчунин омадааст, ки ба кишварҳо Осиё ва ҳошияи уқёнуси Ором "мубориза бо таборгароӣ ва фасод, талошҳо барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникӣ зарур аст".
Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама эълом дошт, ки нишасти навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором соли оянда дар аёлати Гавайии Амрико баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG