Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтугӯи мустақими телевизионии Назарбоев


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, ҳангоми гуфтугӯи мустақими телевизионӣ

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, ҳангоми гуфтугӯи мустақими телевизионӣ

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар гуфтугӯи мустақими телевизионӣ изҳор кард, ки ғояи созмондиҳии Иттиҳоди Осиёи Марказӣ, ки ба вай мансуб аст, дурустии хешро бори дигар собит кардааст.

Сарвари Қазоқистон гуфт, кишварҳои минтақа бо ташкил кардани чунин иттиҳод бисёр масоили хешро бо ёрии ҳамдигар ҳаллу фасл менамоянд. Вале он кишварҳое, ки чунин иттиҳодро намехоҳанд ва садди он мешаванд, онҳо ояндаи хешро андеша намекунанд.

Раисиҷумҳурии Қазоқистон дар гуфтугӯи телевизионӣ, ки онро баробари се шабакаи асосии телевизионии ин кишвар ва ҳамчунин чаҳор радиои Қазоқистон низ пахш кард, ба пурсишҳои гуногуни мардум посух дод. Ағлаби пурсишҳо, тавре созмондиҳандагони ин гуфтугӯи мустақим арз карданд, ба масоили ҳимояи иҷтимоӣ, манзил ва ҳуқуқ ихтисос дода шуда буданд.

Ағлаби пурсишҳо ба масоили ҳимояи иҷтимоӣ, манзил ва ҳуқуқ ихтисос дода шуда буданд... Вале дар ин гуфтугӯ пурсишҳои марбут ба мавзӯъҳои сиёсӣ кам ба назар расид ...
Вале дар ин гуфтугӯ пурсишҳои марбут ба мавзӯъҳои сиёсӣ кам ба назар расид, танҳо ҳангоми як пурсиш раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки вай солҳои аввали истиқлолият бисёр ҷавононро ба корҳои давлатӣ ҷалб намуд, вале баъзеи онҳо аз мансаб дур шуда, роҳи дигарро пеш гирифтанд ва алъон ҳамроҳи вай нестанд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки «вай магар гунаҳгор буд, ки мансаб дод ва ӯро боло бурд? Вале ин мансабдор бо гуноҳи хеш аз кор рафт ва алъон вай аз онҳо рӯй тофта собит карданӣ мешавад, ки ҳақ ба ҷониби ӯ буд».

Нурсултон Назарбоев таъкид намуд, ки агар онҳо аз карда пушаймон шуда, аз вай хоҳиш кунанд, ки онҳоро авф намояд, ӯ омода аст, ки чунин ашхосро бишнавад ва ба вай имконот бидиҳад. Ҳамзамон вай таъкид кард, ки албатта, ин кор бидуни халалдор кардани қонун бояд сурат бигирад, вале дар ин маврид низ ман ҳақ дорам, ки онҳоро авф кунам, гуфт Нурсултон Назарбоев.

Ҳарчанд дар ин маврид сарвари Қазоқистон номи касеро зикр накард, намояндагони мухолифин ҳадс мезананд, ки ин гуфтаҳо ба сарварон ва намояндагони шинохтаи мухолифон, ки ағлабашон дар хориҷи кишваранд, рабт мегирад,

Яке аз мавзӯъҳое, ки атрофи он сарвари Қазоқистон бештар ҳарф зад, масъалаи бӯҳрони иқтисодӣ буд, ки Қазоқистон низ ба он гирифтор аст. Вале Нурсултон Назарбоев таъкид намуд, ки бо тавзеъ кардани маблағҳои ҳангуфт, яъне соли 2007 - дар оғози бӯҳрон 4 миллиард доллар ва соли гузашта боз 10 миллиард доллар Қазоқистон тавонист бӯҳронро камосеб гардонад ва алъон мардуми Қазоқистон, ба гуфтаи ӯ, шиддати бӯҳронро, ки ба иқтисоди баъзе кишварҳо зарари калон расонидааст, чандон эҳсос намекунанд.

Ин гуфтугӯи мустақими телевизионии раисиҷумҳури Қазоқистон, ки солҳои пеш низ борҳо сурат гирифта буд, дар назар буд, ду соат идома кунад. Вале он анқариб ба 3 соат тӯл кашид. Ҳарчанд гӯяндагони телевизион ва созмондиҳандагони ин барнома гуфтанд, ки дар ин гуфтугӯи мустақим мардуми кишвар фаъолона ширкат кардан два унвонии раисиҷумҳур беш аз 34 ҳазор пурсиш расидааст, вале як хонуми қазоқ, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ изҳор кард, «ба вай барнома писанд наомадааст ва ягон пурсише табъи дилаш набудааст ва дар ин гуфтугӯи мустақим мардуми оддиро комилан нашунидаанд ва ҳама пурсишу посухҳо қаблан омода карда шудаанд».

Вале аз сӯи дигар коршиносон чунин мешуморанд, сарфи назар аз камбудиҳои барнома, хуб аст, ки чунин гуфтугӯ байни сарвари давлат бо мардум доир мегардад. Ин дар ҳолест, ки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ раисони ҷумҳур аз чунин роҳи иртибот бо мардум истифода намекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG