Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кишварҳои APEC роҳи раҳоӣ аз бӯҳронро меҷӯянд


Нишасти cарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором (APEC) дар Сингапур бо қабули эъломияи ҳамкорӣ поён ёфт.

Дар ин санад ба идомаи талошҳои кишварҳои узв барои ташаккули системи тиҷорати озод ва рушоди байнулмилалӣ таъкид шудааст. Дар эъломия ҳамчунин омадааст, ки ба кишварҳо Осиё ва ҳошияи уқёнуси Ором "мубориза бо таборгароӣ ва фасод, талошҳо барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникӣ зарур аст".

Барои ширкат дар ҳамоиши ин созмон дар Сингапур сарони кишварҳои узв, аз ҷумла кишварҳои пурқудрати ИМА, Чин, Русия, Ҷопон, Австралия, Канада, Корияи Ҷанубӣ, гирди ҳам омаданд.

Дар ҳошияи ин нишаст ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаи сарони кишварҳои созмон сурат мегирад. Қаблан раисиҷумҳури Русия бо раҳбари Чин Ҳу Ҷин Тао масоили марбут ба ҳамкориҳои манотиқи гуногуни ду кишварро баррасӣ карданд.

Имрӯз ҳамчунин дидор ва мулоқоти Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, бо ҳамтои руси ӯ - Дмитрий Медведев сурат гирифт, ки дар он аз ҷумла масоили паймони коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ ва барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ шуд.

Созмони Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнусия (APEC) яке аз созмонҳои бонуфузтарини ҷаҳон маҳсуб мешавад ва 21 кишвари аз диди иқтисоди пурқудрати ҷаҳон узви ин созмон мебошанд.

Дар нишасти Сингапур мизбони иҷлоси ин созмон дар соли 2011 иёлати Гавайии Амрико – зодгоҳи Барак Обама эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG