Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтиши нави қонуншиканиҳои британиявиҳо дар Ироқ


Вазорати дифоъи Британия далелҳои нави қонуншиканиҳо аз сӯи низомиёни кишвар дар Ироқро тафтиш мекунад. Ба иттилоъи нашрияи Independent, вакили дифоъи гурӯҳи ироқиҳое, ки замони гуногун аз сӯи низомиёни британиявӣ боздошт шуда буданд, 33 далели бадрафторӣ, шиканҷа, таҳқир ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси навраси 16-соларо ҷамъ овардааст.
Билл Рэммелл, вазири умури нерӯҳои мусаллаҳи Британия, имрӯз изҳор намуд, ки мақомот ин айбномаро ҷиддан тафтиш мекунанд ва аммо то анҷоми тафтишот барои натиҷагирӣ дар ин бора шитоб набояд кард.
XS
SM
MD
LG