Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Ки Мун гуруснанишинӣ мекунад


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун тасмим гирифтааст, ки ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба гуруснагии беш аз як миллиард сокини сайёра тайи 24 соат гуруснанишинӣ кунад. Намояндаи СММ хабар дод, ки Бан Ки Мун рӯзи якшанбе, аз ҷумла, ҳангоми парвоз то Рим, ки он ҷо рӯзи душанбе конфаронси серӯзаи ҷаҳонӣ дар мавзӯъи мушкилоти мубориза бо гуруснагӣ ифтитоҳ мешавад, аз истеъмоли ҳама гуна ғизо парҳез хоҳад кард. Жак Диуф, раиси Созмони озуқа ва кишоварзии СММ - созмондиҳандаи нишасти Рим, аз ҳама мардуми сайёра даъват кард, ки ба Бан Ки Мун ҳамроҳ шаванд ва дар арафаи конфаронс аз истеъмоли ғизо даст бардоранд.
XS
SM
MD
LG