Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама вориди Сингапур шуд


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама барои ширкат дар нишасти созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором вориди Сингапур шуд. Интизор меравад, ки фардо ӯ бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведвев дидору гуфтугӯ кунад. Раисиҷумҳури Русия аллакай дар Сингапур аст ва имрӯз ӯ ва раҳбари Чин Ҳу Ҷин Тао масоили марбут ба ҳамкориҳои манотиқи гуногуни ду кишварро баррасӣ карданд.
Нишасти созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором фардо шурӯъ мешавад ва ширкатдорон масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷилавгирӣ аз бӯҳронҳои нави иқтисодиро баҳсу баррасӣ мекунанд. Ин шом сарони кишварҳои Осиё ва ҳошияи Уқёнуси Ором, тибқи анъана, либосҳои миллии сингапурӣ ба бар карда, дар зиёфати ташрифотӣ ҳозир шуданд.
XS
SM
MD
LG