Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми мавсими футбол дар Тоҷикистон


Дастаи "Вахш" - қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009

Дастаи "Вахш" - қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009

Сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозии охирин байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Энергетик»-и Душанбе ба анҷом расид.

Ин бозии мавқуфмондаи даври 18-ум, ки 14-уми ноябр дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи «Энергетик» бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голро Шавкати Ҳотам дар дақиқаи 69-ум ба самар расонд.

Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод. Ёдовар мешавем, дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 46 имтиёз соҳиби медалҳои тилло ва унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009 гардид. Ҳамчунин ҳамлагари «Вахш» Нӯъмон Ҳакимов бо 15 гол дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа мақоми аввалро касб кард.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки бо 41 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифт, бо медалҳои нуқра сарфароз хоҳад шуд. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки бо 40 имтиёз ҷои севумро азони худ кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Дар байни панҷ дастаи беҳтарини лигаи олӣ, инчунин, ду тими шаҳри Душанбе - «Истиқлол» ва «Энергетик» ҷойгир шуданд.

Вале дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен, ки ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар бозиҳои давраи дуввуми мусобиқа даст кашид, дар ҷои охирин қарор гирифт ва лигаи олиро тарк кард.

Се дастаи беҳтарини лигаи аввал - «Саройкамар»-и Панҷ, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Ҷавонон»-и Турсунзода барои ширкат дар мусобиқаи лигаи олӣ дар соли 2010 роҳхат гирифтанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии мусобиқаи лигаи олӣ

Ҷой ДастаҳоБПМШТ/ТХ
1.«Вахш» (Қӯрғонтеппа) 18151244-1546
2. «Регар»ТадАЗ (Турсунзода)18132347-1441
3.«Хуҷанд» (Хуҷанд)18131436-1540
4.«Истиқлол» (Душанбе)18113441-1836
5.«Энергетик» (Душанбе)18102641-2632
6.«Парвоз» (Б.Ғафуров)1874727-2225
7.«Равшан» (Кӯлоб)18521125-4517
8.ССКА«Помир» (Душанбе)18221416-428
9.«Гвардия» (Душанбе)18221410-558
10.«Спитамен» (Спитамен)1813149-446


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») – 15 гол, Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 14 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») - 13 гол.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG