Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон барои бори нахуст табибон амалиёти табдили гурдаро анҷом доданд.

Ин иқдом бо ворид кардани таҷҳизоти муосири ташхису ҷарроҳӣ ба кишвар дар ин авохир мавриди амал қарор гирифтааст. Тақрибан дар як ҳафта се ҷарроҳии ҳамсонро муваффақона гузарониданд, ки як навъ таҷриба буд. Зеро хароҷоти ин амалиёт аз сӯи ҳукумати кишвар сармоягузорӣ шуда буд, ило гурдаҳои солим, ки волидайн ва наздикон ба маризон тақдим карда буданд.

Ҳамчунин, хароҷоти ин се амалиёт баршумурда шуда, қиммати ҷарроҳиҳои ҳамсон таъйин мешавад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасмим дорад ҷарроҳии табдили гурдаро дар дигар манотиқу марказҳои тиббӣ роҳандозӣ кунад. Аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки бо чӣ шева ин тасмим иҷро мегардад, оё шабака ва низоми дарёфти донорҳо таъсис мегардад ва ё нафароне ҷарроҳӣ мешаванд, ки наздиконашон ба онҳо узви худро тақдим мекунанд.

Наворбардори радиои «Озодӣ» дар робита аз маризони нахустин ҷароҳишуда аёдат кард:


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG