Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Эрон Интернетро таҳти назорат мегирад


Дар вазорати дохилаи Эрон ниҳоди нави вижаи назорат аз болои Интернет таъсис шуд. Меҳрдод Ҳомидӣ, раиси ин ниҳод, дар сӯҳбат ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки зердастонаш бо ҷиноёте чун қаллобӣ ва пахши тӯҳмату таҳқир аз тариқи сомонаҳои интернетӣ мубориза хоҳанд бурд. Ва аммо нозирон мегӯянд, ки ҳадафи аслии таъсиси сохтори ҷадид – таҳкими назорат аз болои мухолифин аст. Ҳангоми тазоҳуроти густарда алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи июн мухолифини ҳукумат барои ҳамоҳангсозии фаъолияти худ аз сомонаҳо ва блогҳои интернетӣ фаровон истифода мекарданд.
XS
SM
MD
LG