Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи муборизаи нав бо фасод дар Афғонистон


Дар Афғонистон тафтиши нави далелҳои фасоду ришват дар мақомоти давлатӣ шурӯъ шуд. Додситони кулли кишвар Исҳоқ Алико ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шояд алайҳи бархе аз вазирони ҳукумат иттиҳоми фасод эълон шавад.
Тафтиши далелҳои ришвату фасод дар долонҳои ҳукумати Афғонистон ба думболи он аз сар гирифта шуд, ки Ҳомид Карзай баъди дубора курсии раёсатҷумҳуриро соҳиб шуданаш “аз беху бун баркандани фасод”-ро аз муҳимтарин аҳдофи ҳукумати ҷадид эълон кард. Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва сарони дигар кишварҳои узви Эътилофи байнулмиллалии кумак ба Афғонистон аз Карзай тақозо кардаанд, ки бо фасоду ришват муборизаи беамон барад.
XS
SM
MD
LG