Пайвандҳои дастрасӣ

Ғижакнавоз Ҷонбоз Душанбиев, қаҳрамони як филм ба забонҳои шуғнонӣ ва рӯшонӣ, мегӯяд, нақше, ки вай дар ин филм бозӣ мекунад, шабеҳи зиндагии ҳаррӯзааш аст.

Қаҳрамон як ромишгари чирадастдест, ки мардум аз ҳунараш лаззат мебарад, аммо корчаллонҳо аз ин ҳунар ба манзури пул кор кардан суистифода мекунанд. Ромишгар бо навои сози мардумиаш «гули сари сабад»-и маҳфилҳое ҳаст, ки ба манзури намоиши санъат ва гузаронидани вақти бофароғат барои меҳмонон аз дуру наздик баргузор мешаванд. Аммо ҳадоёи меҳмонон ва фоида аз чунин базмороиҳо дар бештари маворид кисаи ташаббускоронро пур мекунад, аммо музди санъаткор аз ҳунари волояш ба ҷуз аз таҳсину офарин ва кафкӯбиҳо чизе беш набудааст.

Садои ғижаки ромишгар дар саҳна дили мухлисонро дар 14 давлати дунё тасхир кардааст. Дар ин ҳунарнамоиҳо садои ғижаки ромишгар нафақат ба оҳанги навозандагон даромехта, ба он тароват мебахшад, балки вақте ромишгар бо ғижак ба рақс медарояд ва навову ҳаракатҳо ба ҳам ҷур мешаванд, гуё толор низ ҳамроҳ бо ҳунарманд мерақсад.

Ромишгар ғижакро «шоҳи созҳои мардумӣ» ва « намаки мусиқӣ»меномад. Вай ғижакро нозуктарин ва ҳассостарин сози мардумӣ мешуморад, ки ангуштони нозуку чобук ва қобилияти хуби шунавоии навозандаро талаб мекунад. Ромишгар бовар дорад, ин садои ғижак аст, ки субҳгоҳон бештар аз ҳама ба дилҳо фараҳ меафзояд ба хотирҳо таскин мебахшад.

Ҳунарманд мегӯяд, ҳар як сози мардумӣ фазилатҳои ба худ хос дошта, қодир аст, ки инсонро мутаасссир созанд. Вай афзуд, аммо фаразан агар садои най бештар субҳи фасли баҳорон таровати бештаре дорад ва қалбҳоро ба тапиш орад, навои ғижак ҳар субҳ ва дар ҳар ҳолат сафобахш ва рӯҳафзо аст.

Ромишгар мӯътақид аст, ки Бадахшон ватани ғижак мебошад. Вай гуфт, қаблан ғижакро аз кадуи хушккардашудаи донаҳояш аз дарун берунафканда месохтанд. Ба гуфтаи ромишгар, аммо тиҷорат бо Чин ба такмил ёфтани ин сози мусиқӣ сабаб шудааст. Ромишгар нақл мекунад, ки то марзбандӣ дар солҳои 20-ум ва 30- юми асри гузашта дар бозорҳои минтақа чойи хушки даруни қутиҳои тунукагӣ пайдо шуд, ки онро аз Қошғар меоварданд. Ба гуфтаи ромишгар, ҳунармандони маҳаллӣ тунукаи қуттиҳои холимондаи чойро масолеҳи хубтарин барои сохтани ғижак дарёфта, аз он истифода карданд. Вай гуфт, нахустин ғижакҳои тунукагӣ маҳз ҳамон давра дар Бадахшон сохта шуда, пасон ба манотиқи дигари кишвар роҳ ёфтанд. Ромишгар гуфт, яке аз чунин ғижакҳое, ки устоҳои маҳаллӣ соли 1941 онро сохтаанд , дар хонаводашон маҳфуз дошта мешавад ва вай ҳар субҳ ба умеди хайру баракат ва тавфиқ ёфтан ба он даст мегузорад ва онро зиёрат мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG