Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузорише аз силсилаи бахшида ба 20-солагии рӯйдодҳои марбут ба суқути режимҳои коммунистӣ дар қаламрави Аврупои Шарқӣ.

Йиржӣ Ҳомола дар коргоҳи хусусии худ берун аз Прага барои тиреза маводи пластикӣ таҳия мекунад ва ин кор, новобаста аз синни бузурги ӯ, яъне 77-солагиаш, бо хушиву хеле сабук пеш меравад. Оқои Ҳомола дар ҷавониҳояш ронандаи мотосикл ва омӯзгори ронандагӣ буда, чанд сол пеш аз рӯйдодҳои соли 1989 ба кори истеҳсоли маводи пластикӣ барои тирезаҳо пардохтааст. Вай ба ёд меорад, ки дуруст баъди рӯзи 17-уми ноябри он сол, вақте полис тазоҳуроти эътирозии донишҷӯёни чехро саркӯб кард, ба ӯ дӯстонаш телефон карда чунин гуфтанд:

“Корро як сӯ гузор ва аз он корхонаи тангат берун шуда, ба сафи мо дар инқилоб ҳамроҳ шав. Ман савори мошин шуда, ба театри “Виноҳради” рафтам. Вазифаи ман тақсими варақаҳои таблиғотӣ ва ба ҷои муайян расондани ҳунарпешаҳои ширкатдори ин намоишҳо буд. Ҳамон вақт ман кори худро хотима дода, корро барои инқилоб шурӯъ кардам”.


Тиҷорати Йиржи Ҳомола, ки он замон аз як мошини коркарди пластик шурӯъ шуда буд, ҳоло хеле тақвият ёфтааст. Дар гаражи шахсии ӯ ду “Мерседес”-и нав истодааст, ки тоза аз мағоза харида шудаанд.

Алорағми аз ҷиҳати моливу иқтисодӣ хуб будани вазъияти ӯву хонаводааш, ҳоло онҳо ҳамроҳ бо ҳамсараш ба ёд меоранд, ки баъди рӯйдодҳои бист соли пеш мавридҳое пеш омад, ки боиси нороҳативу ноумедии онҳо аз тағйирот шуд. Онҳо мегӯянд, баъди инқилоб боз ҳамонҳое, ки дар гузашта мавқеи серу пуру ҳаматарфа таъмине доштаанд, ҳамингуна бо тағйири танҳо курсиҳояшон дубора мақоми худро хуб карданд. Ин ҷуфти ҳамсарон мегӯянд, арзишҳои инқилоб аз ҷониби сиёсатмадорону соҳибкорони фасодзада “дуздида” шуд.

Хонум Яна Ҳомолова 57 сол дорад ва мегӯяд, барои он афсӯс мехӯрад, ки дар ин бист соли охир одамони зиёд симои инсонии худро аз даст доданд:

“Вақте мо ба майдони марказии Ватслав, ба баландии боғи Летна мерафтем, ҳамаи моро ҳиссиёти баланди хушҳолӣ ва умедворӣ фаро гирифта буд, ки ҳатман чизе дигар хоҳад шуд. Вале дар кӯтоҳфурсат мо дар амал дидем, ки дар атрофи мо чӣ мегузарад: ғоратгарӣ, додани қарзҳои калон, ки оқибат ҳеҷ гоҳ баргардонида нашуданд ва баъдан бонки давлатӣ ҳамаи онҳоро аз худ карду, пулҳои андозсупорандаҳо барои бастани ин парвандаҳо равона шуд. Саҳнаи сиёсӣ як даҳшати дигар буд. Он чи ки дар сиёсат мегузашт, на бо фарҳангу на бо маданият умумияте надошт. Ва эҳсоси ҳамаи мо ин буд, ки фиреб хӯрдаем. Ман албатта намегӯям, ки мо нодору ниёзманд будем, чунки мо муддати зиёд аст, ки бо соҳибкорӣ нони худро меёбем, шукри худо, ки мизони фурӯш ҳам хуб аст, вале аз назари сиёсиву иҷтимоӣ ҳатто онҳое, ки мо дар гузашта мешинохтему дӯстони мо буданд, дигаргун шуданд ва ё бадрашку ҳасуд шуданд.”

Вале бо ин вуҷуд Яна Ҳомолова гуфт, аз озодиҳову имкониятҳои зиёди насли имрӯзаи ҷавонҳои чех хеле шод аст, ҳарчанд, аз назари ӯ, дар муқоиса ҷавонҳои имрӯза бештар ҳарису пулпараст, моддигароянд ва завқи бештар ба мӯду телефонҳои нав ба наву сару либос нишон медиҳанд, назар ба ин ки арзишҳои гузаштаро омӯзанд. Ӯ мегӯяд, маъмулан дар чунин ҷашнҳои таърихӣ ӯву ҳамсараш ба писари 18-солаашон Ҷозеф дар бораи рӯйдодҳои таърихии аз сари онҳо гузашта нақлҳо мекунанд. Худи Ҷозеф, ки ният дорад касби падарро аз худ кунад, мегӯяд, ки роҷеъ ба рӯйдодҳои соли 1989 иттилои кофӣ надорад.

“Мо дар ин бора дар мактаб зиёд намехонем, чунки ман дар академияи соҳибкорӣ таҳсил мекунам, ки бештар ба улуми иқтисодӣ, тиҷорат ва мисли инҳо тамаркуз мекунад. Аз ин рӯ, мо хеле кам дар бораи таърих сӯҳбат мекунем. Дар курси аввал мо дарси таърих доштем, вале он ҳам хеле мухтасар буд”.


Хонум Ҳомолова мегӯяд, инқилоб ҳоло як чизе бештар аз хотираҳои ширин нест. Вале дар айни замон, шукри онро мекунад, ки имрӯз имконияти онҳо барои сайру саёҳат, тиҷорату соҳибкории хусусӣ, дарёфти маълумоти охирин ва бетараф дар бораи рӯйдодҳои кишвараш ва ҷаҳон фароҳам омадааст.
XS
SM
MD
LG