Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯгоҳи "Сангтӯда -1"-ро хомӯш мекунанд?


Раҳбарони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда –1” таҳдид кардаанд, дар сурати базудӣ напардохтани ҳаққи нерӯи барқ, тавлиди нерӯро дар ин нерӯгоҳи мутаалиқи Русия қатъ хоҳанд кард. Раҳматулло Азизов – мудири ин нерӯгоҳ: дар номае ба унвони нахуствазири Тоҷикистон навиштааст, ширкати “Барқи Тоҷик” то кунун шашуним миллион доллар ҳаққи нерӯи барқро напардохтааст ва қарзи он то охири моҳ тақрибан ба 10 миллион доллар хоҳад расид. Дар ин нома таҳдид шудааст, ки дар сурати напардохтани пули барқ, “Сангтӯда –1” ноилоҷ тавлиди нерӯи барқро қатъ хоҳад кард. Тавоноии нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда –1 “, ки 75 дар сади саҳмияҳояш аз они Русия аст, 670 мегават мебошад.

XS
SM
MD
LG