Пайвандҳои дастрасӣ

Вижагуфтори нави Радиои Озодӣ -- "Симои ҳафта" талоши бозтоби чеҳраҳои хабарсози ҷаҳон ва Тоҷикистон аст, ки дар зарфи ҳафта беш аз ҳама сари забонҳо будаанд.

Бо таваҷҷӯҳ бо феҳрасти пурқудратмандтарин афроди ҷаҳон, ки маҷаллаи амрикоии “Форбс” нашр карда, ва дар он раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведевро аз сарвазираш Владимир Путин 40 зина пойинтар гузоштааст, масъули таҳияи Симои ҳафта ҳамкори мо Мирзои Салимпур ба шахсияти Медведеву Путин ва ҳам ба ин пардохтааст, ки оё дар асл раҳбари воқеъӣ ва аввали Русия кадоми инҳост?

40 ЗИНА ПОЁНТАР АЗ ПУТИН

Феҳрасти қудратмандтарин афроди ҷаҳон, ки маҷаллаи амрикоии “Форбс” нашр кард, бо вуҷуди таноқузоте, ки дар шеваи интихоби чунин афрод мушоҳида мешавад, ин масъаларо, ки оё қудрати аслӣ дар Русия дар дасти кист – Путин ё Медведев – дигарбора вирди забони маҳофил ва матбуот кард.
Ӯ маҷбур аст, ки бо мероси Путин мубориза барад, вале Путинро ба истеъфо фиристода наметавонад...

“Форбс” дар феҳрасташ раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведевро дар мақоми 43-юм, 40 зина пойинтар аз сарвазираш Владимир Путин ва ҳатто як зина пойинтар аз муовини Путин дар ҳукумати он кишвар – Игор Сечин ҷой додааст.

Рӯйхати “Форбс” рӯзи 12 ноябр, дуруст дар рӯзе нашр шуд, ки Дмитрий Медведев дуввумин паёми солонаашро ироа мекард. Паёме, ки ба бовари таҳлилгарон, паёми зиёде, ба ҷуз аз даъват ба навсозии иқтисод ваё кам кардани фарқи соатҳо дар гӯшаҳои мухталифи Русия надошт ва бори дигар дасти кӯтоҳи ӯ дар умури давлатдориро таъкид мекард.

ПАЁМ ВА ПАЁМҲО

Медведев дар ин паём коҳиш додани мизони вобастагии Русия аз содироти ашёи хом ва зербинои саноатии бозмонда аз замони шӯравӣ ва ба ин васила, эҳёи қудрати пешини ин кишварро ҳам пешниҳод кард ва бархе таҳлилгарон, аз ҷумла дар Ғарб ба талошҳои ҳанӯз ҳам мӯҳтотонаи ӯ барои берун рафтан аз зери сояи Путин ишора мекунанд.

Борис Немтсов
Вале Борис Немтсов, ҳамраиси Ҷунбиши мухолифи “Солидарност” ба нуктаи дигар таъкид мекунад, ки Медведев тайи паёми тӯлониаш ҳарфе ҳам аз демократия назад: “Мутаассифона, чизе аз дасти Медведев намеояд, чунки ба хотири анҷоми навсозӣ ӯ бояд аз он гурӯҳи сарватмандону чекистҳое халос шавад, ки таҳти раҳбарии Путин дар рӯи фоидаҳои ашёи хоми кишвар нишастаанд. Худи Медведев низ ҷузъи ҳамин гурӯҳ аст. Яъне он ҳама нақшаҳое, ки баён шуд, ҳама дар ҳаво хоҳад монд, чизе ба иҷро нахоҳад расид. Ӯ маҷбур аст, ки бо мероси Путин мубориза барад, вале Путинро ба истеъфо фиристода наметавонад.”

Медведевро ҳанӯз ду соли пеш ба ҳайси ворис худи Путин интихоб карда буд ва тамоми манобеъи маъмуриву молии мавҷударо ҳам дар ихтиёраш гузошт, ки дар интихобот бидуни кадом рақобати ҷиддӣ баранда шавад.

БА НОМ -- ПРЕЗИДЕНТ?

Ба назари аксари таҳлилгарон, азбаски Қонуни Асосии Русия се давраи пайиҳами раёсатро ба як нафар иҷозат намедод, барои Путин нафари худие лозим буд, ки то соли 2012 таҳти ҳидоят ва раҳнамоиҳои бевоситаи ӯ Русияро “раҳбарӣ” кунад ва дар интихоботи оянда курсиро барои Путин, ки ҳатман бармегардад, холӣ кунад. Ин таҳлилгарон мегӯянд, Дмитрий Медведев як президенти сирф номинал аст, ки бидуни ягон тардид ҷойро барои Владимир Путин холӣ хоҳад кард.

Бо пирӯзии Медведев, ки ҳанӯз қабл аз интихобот мақоми раисии кобинаи вазиронашро ба Путин ваъда кард, матбуот низоми
Владимир Путин
рӯикоромада дар Русияро акнун ба уқоби дусарае, ки нишони давлатии он кишвар аст, монанд карда, дам аз, ба истилоҳ, “подшоҳи дусара” мезад, ки як сараш президент Медведев ва сари дуввумаш – сарвазир Путин аст.

Ва аммо аз ҳамон оғози даврони раҳбарии Медведев ин масъала ки оё аз ин ду сар кадомаш авввал аст ва лаҷоми қудратро дар Русия аслан кадоме аз ин ду нафар дар даст дорад, ҳамеша вирду забонҳо буду ҳаст ва ғолибан то соли 2012, то замони интихоботи навбатӣ ҳамоно дар забонҳо боқӣ хоҳад монд.

ҲАРФИ АВВАЛ БО КИСТ?


Коршиноси рус Леонид Радзиховский мегӯяд, бар Медведев нуфузи беш аз ҳад доштани Путин ҳақиқатест, ки маҷаллаи “Форбс” бо 40 зина аз Путин пойинтар ҷой додани Медведев дар рӯйхати чеҳраҳои қудратманди дунё бори дигар бараҳнааш кард: “Дар Русия ин барои ҳама маълум аст ва аз касе пӯшида нест, ки Путин нисбат ба Медведев нуфузи зиёдтар дорад. Ин ҷойи шубҳа надорад. Назари умумӣ дар Русия чунин аст. Ман, албатта, ба Кремл равуо надорам, вале аз ончӣ мушоҳида мешавад, бармеояд, ки дар ҷараёни судури қарорҳо ҳарфи аввал бо Путин аст, на аз Медведев. Ҳарчанд расман салоҳияти зиёд дар дасти президент аст, вале амалан чунин таассурот ҳосил мешавад, ки масоили асосии моливу маъмурӣ ва кадриро Путин ҳалл мекунад ваё Медведев, вале танҳо дар пайи ахзи ризоияти Путин. “

Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов низ дар муқоиса бо президент хеле қавитар будани раиси кобинаи вазирони он кишварро ҳақиқате бидуни шак медонад, вале мегӯяд, ношаффофии низоми раҳбарӣ дар Русия имкон намедиҳад, ки нозирони умур аз он ҳама обҳое, ки аз зери пиряхҳои Кремлин ҷорӣ мешаванд, ба дурустӣ хабардор шаванд.

ТАЪСИР БА ТОҶИКИСТОН

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, чунин духӯра боқӣ мондани масъалаи тақсими қудрат ва таъйини нафари аввал дар Русия ба вазъи равобити Маскав бо пойтахтҳои пасошӯравӣ низ беасар набудааст ва барои мисол, аз охирин нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Кишинёв ёд мешавад, ки руасои аксари ин ҷамоҳир, аз ҷумла раҳбарони Осиёи Марказӣ ба пойтахти Молдова ба ҳузури Дмитрий Медведев сарвазирони худро фиристоданд ва худ аз ширкат дар он худдорӣ карданд.

Иқдоме, ки дар аҳди Путин ба ҷуз аз Узбакистону Туркманистон боқӣ раҳбарони ин минтақа ба худ онро иҷоза намедоданд. Аммо Парвиз Муллоҷонов дар ин робита назари дигар дорад.

Вай мегӯяд: "Ин рӯшан аст, ки Путин одами ҳалкунандааст. Вале ба ҳар ҳол ман фикр намекунам, ӯ таъсири бузурге мерасонад дар масъалаи муносибати Русия ба Тоҷикистон, чунки мавзеъгирии ҳам Путин ва ҳам Медведев нисбат ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ ҳамеша як буд. Албата, Путин бо Раҳмон пеш ҳам чанд бор вохӯрда буд ва аллакай муносибатҳои муайян доранд. Медведев барои Раҳмон одами нав аст."

"МУШКИЛИ СОЛИ 2012"


Дар пасманзари ин ҳама таҳаввулот як мавзӯъи дигари матраҳ масъалаи интихоботи соли 2012-уми раёсатҷумҳурии Русия аст, ки дар матбуот “Мушкили соли 2012” ҳам номаш мебаранд. Дар ин маврид ду фарзия дар зеҳни маҳофил чарх мезанад. Яке ин аст, ки Медведев бидуни кадом мубориза ё талош соли 2012 қудратро ба Путин пас хоҳад дод. Аммо фарзияи дуввум эҳтимоли барои ҳифзи қудрат дар набард шудани Медведевро сарфи назар намекунад.
Албатта, дар байни атрофиёни онҳо ҳамеша набард буду ҳаст...

Худи Владимир Путин дар моҳи сентябр дар як маҳфили мубоҳисотӣ дар посух ба суоли як хабарнигори хориҷӣ гуфт, ки ӯву Медведев ҳамхунанд ва дар соли 2012 бо ҳам нишаста, сари як қарор хоҳанд омад, ки кадоме аз онҳо роҳии интихобот шавад.

Дмитрий Медведев, ки низ дар ҳамон маҳфили мубоҳисотии Валдай, вале 4 рӯз баъд аз сарвазир сӯҳбат мекард, эҳтимоли ширкаташ дар интихоботи 3 сол баъд сарфи назар накард. Оқои Медведев гуфт, қабл аз интихоби соли 2008 низ ӯ чандон азму қасди мубориза барои курсии президентиро надошт, вале бо амри тақдир ба интихоб рафт ва пирӯз шуд. Ба ин далел, гуфт Медведев, барои соли 2012 низ чизеро пешбинӣ ваё сарфи назар намекунад.

ТАМЪИ ҚУДРАТ?


Коршиноси рус Леонид Радзиховский аммо мегӯяд, баъид аст, ки Медведев тавонад ба намакдон туф карда, дар интихоботи оянда ба хотири ҳифзи мақом бо Путин даступанҷа нарм кунад: “Вазъи кунунӣ ба он далолат мекунад, ки Путин бар хоҳад гашт. Вале тайи ин 3 сол тағйироти хеле ногаҳонӣ низ метавонад ба вуқӯъ бипайвандад. Кӣ медонад? Вале дар ҳоли ҳозир кадом ихтилофи ҷиддие байни Медведев ва Путин ба назар намерасад. Албатта, дар байни атрофиёни онҳо ҳамеша набард буду ҳаст, яке ҳамеша дигареро танг карда, пеш мегузарад, яке ҷойи дигариро ишғол мекунад ва баракс. Вале ба сурати умум кадом
Леонид Радзиховский
муборизаи сиёсӣ ваё кадом ихтилофи амиқеро ман намебинам.”

Ба фарқ аз Леонид Радзиховский, коршиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, Қонуни асосии Русия ба Медведев салоҳиятҳои зиёде додааст ва ӯ ҳанӯз фурсат дорад, ки бо истифода аз аҳромҳои қонуние, ки дар ихтиёр дорад, вазъро дар саҳна ба фоидаи худ тағйир диҳад.

Аммо ба бовари оқои Муллоҷонов, масъала ин аст, ки Медведев, ин зода ва парвардаи мактаби Путин худ то куҷо азми мондан дар сари қудрат ва хоҳиши мубориза бо падари сиёсӣ”-аш – Путинро ба хотири ҳифзи курсӣ дорад.

ТАЛОШҲОИ ФОСИЛАГИРӢ?


Ба назари таҳлилгарон, Дмитрий Медведев зоҳиран талошҳое дорад, то ки худро аз зери чатри раҳнамоиҳои Путин каме халос кунад ва мустақилияташро ҳадди ақал дар зоҳир ба намоиш гузорад.

Медведев дар сабки рафтор ва лаҳни гуфтораш ҳамоно ба Путин тақлид мекунад, вале на ба он тундӣ ва дуруштгӯие, ки хоси Путин буд. Салобати Медведев, низ ба гуфтаи нозирони умур, на ба андозаи он салобатест, ки дар виқори Путин мебинем.

Медведев дар ҳар сурат, ба фарқ аз Путин, кӯшиш мекунад дар пешбурди сиёсат нармии бештар нишон диҳад, ҳусни таваҷҷӯҳи бештараш ба фаъолони ҳуқуқи башар ва намояндагони ҷомиаи маданӣ аз он аломат медиҳад, ки дар қиёс бо пешгузаштааш раисиҷумҳури феълии Русия дар самими қалб зиёд ҳаводори эҷоди низоми сахти чекистӣ нест.

ПАСИ ДЕВОР


Сарусадоҳое, ки гоҳ-гоҳ аз он сӯи деворҳои баланди Кремл берун меоянд, ва ҷанҷолҳои расонаишудае, чун қазияи майори милиса Алексей Димовский ва ҳамовозии ду афсари дигар, ки низ тавассути пахши наворҳои видиёӣ дар Интернет аз вуҷуди фасод дар мақомоти умури дохилаи Русия бонги изтироб баланд кардаанд, таҳлилгаронро ба тахмин задан дар бораи идомаи муборизаҳо барои қудрат дар Кремл водор мекунад.

Вале Леонид Радзиховский мегӯяд, дарвозаҳои Кремл тайи солҳои охир чунон баста шудаанд, ки барои нозирони умур чоре дигар ба ҷуз аз ҳадс задан дар бораи ончӣ ки дар паси деворҳои он мегузарад, боқӣ намемонад.
XS
SM
MD
LG