Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хизмати аскарӣ ба бистари беморӣ


Фирӯз мегӯяд, бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафтааст ва аз он сӯ бемор баргаштааст
Фирӯз мегӯяд, бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафтааст ва аз он сӯ бемор баргаштааст

“Азоб буд... Гурусна мемондем, либоси хуб надоштем. Мумкин ҳамин чизҳо буд, ки ман то ҳол беморам...”

Ин ҳарфҳои як ҷавон бо исми Фирӯз аст, ки пас анҷоми хидмати ҳарбӣ дар моҳи майи соли равон то ҳанӯз дар бистарӣ беморист. Ӯ мегӯяд, шароити бади зист ва камбуди ғизову сару либос дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ӯро ба ин ҳол афкандааст. Ба гуфтаи Фирӯз, ду сол қабл ӯ бо хоҳиши худ ҳамчун ҷавони солим аз комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ рафт, вале аз он сӯ ҳамчун як ҷавони бемор баргашт.

Се сол пеш бародарашро дар госпитал хабаргирӣ рафтем. Қариб мурда буд. Устухонҳояш метофт. Аз ҳамон омадан саломатиаш хуб нест. Мана акнун додараш ҳамин хел касалӣ омад. Ҳарду фарзанди ман бедарду бетаб буданд ...
Болои бистари Фирӯзи бемор аз ҳама беш модари ӯ ғам мехӯрад. Зеро ба гуфтаи модари ӯ - Хуморбӣ Саидалиева ин дуввумин писараш аст, ки аз хизмати ҳарбӣ бемор бармегардад. Вай мегӯяд, “се сол пеш бародарашро дар госпитал хабаргирӣ рафтем. Қариб мурда буд. Устухонҳояш метофт. Аз ҳамон омадан саломатиаш хуб нест. Мана боз додараш ҳамин хел касалӣ омад. Ҳарду фарзанди ман бедарду бетаб буданд. Бачаҳо қоил намешаванд, ки латтукӯб мекунанд, аммо маълум аст, ки онҳоро азоб додаанд”.

Бо вуҷуди бемордорӣ ва сарфи маблағи зиёд барои табобати ду писари аз хизмати ҳарбӣ бемор баргашта, касе аз мақомоти марбута ба ин хонавода кӯмак накардааст. Ба гуфтаи хонум Хуморбӣ, ба суоли волидайн, ки чаро фарзандони солими онҳо маъюбу касалманд шудаанд, ягон масъул посух нагуфт.

Дар ҳамин маврид мо хостем бо масъулини комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб сӯҳбат кунем, аммо эшон аз сӯҳбат бо мо худдорӣ намуданд. Маҳмадрасул Розиев, сардори комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб, гуфт, ки бидуни иҷозаи вазири мудофиаи кишвар бо хабарнигорон дар ҳеҷ маврид сӯҳбат намекунад.

Хуморбӣ Саидалиева, модари Фирӯз, мегӯяд, ин дуввумин писараш аст, ки аз хизмати аскарӣ бемор бармегардад
Аммо Ҷумъахон Назриев, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, чунин омилҳо дили ҷавононро аз хизмати ҳарбӣ сард мекунад. Вай мегӯяд, аз ин ҷост, ки имрӯз аксари волидайн фарзандони худро ба Русия гусел мекунанд, то ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб нашаванд.

Аммо Фирӯз ҷавоне, ки аз хизмати ҳарбӣ касалманд баргашатааст, мегӯяд, ӯ ҳеҷ вақт зидди ба хидмати ҳарбӣ рафтани ҷавонон нест. Ба андешаи ӯ хидмат ба Ватан қарз аст. Аммо вай мегӯяд, “намегӯям, ки ҷавонон ба хизмат нараванд. Ин қарзи ватандории ҳар як шаҳрванд аст. Аммо охир набояд, сарбозонро бе либоси гарм дар зимистон монанд ва шиками онҳоро гурусна. Барои мардбача хизмат қарз аст, вале вақте мебинад, ки як рафиқаш касал омадааст, дилаш аз хизмат мемонад. Шароити сарбозонро бояд хуб кунанд, ҳама ба хизмат меравад”.

Ҳоли ҳозир даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Кӯлоб ба итмом расидааст. Масъулини ҳукумати шаҳри Кӯлоб низ эълон доштанд, ки имсол даъвати хизмати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артишро аз рӯи нақшаи давлатӣ сад дар сад анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG