Пайвандҳои дастрасӣ

Яргули Оразгулиев, вазири энержӣ ва саноати Туркманистон, баъд аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, иброз дошт, ки меҳвари аслии вохӯрӣ таҳкими ҳамкориҳои ҳар ду кишвар барои оянда будааст.

Вай гуфт, «ман бо раисиҷумҳури Тоҷикистон масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, беҳдоштӣ, маориф, хоҷагии қишлоқ ва энержиро барои ояндаи ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор додем. Ҳамчунин дар бахши тавсеаи бозори муштараки энержӣ табодули назар кардем».

Вазири энержӣ ва саноати Туркманистон аз тақвияти муносиботи энержии ҳар ду кишвар дар ҳоле ёдовар шуд, ки ду кишвари дигари ҳамсояи - Ӯзбакистон ва Қазоқистон - ният доранд аз хати интиқолии шабакаи ягонаи энержӣ хориҷ шаванд. Ин ду кишвар қарори хуруҷ аз шабакаи ягонаи интиқоли барқро ба истифодаи ғайриқонуии барқ аз ҷониби Тоҷикистон тавҷех кардаанд.

Имкони дарёфти роҳҳои дигари ҳамкории энержӣ бо ҳамтоёни туркмани мо вуҷуд дорад... Хусусан мо метавонем тавассути Афғонистон интиқоли барқро аз Туркманистон ба Тоҷикистон ба роҳ монем ...
Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси соҳаи энержӣ, мегӯяд, Туркманистон 18 сол боз дар ҳавзаи ягонаи энержии Осиёи Марказӣ нест ва то ҳол додугирифти Тоҷикистон ва Туркманистон тавассути хатҳои интиқолии Ӯзбакистон ба роҳ монда мешуд. Ва берун рафтани Ӯзбакистон аз шабакаи ягонаи таъмини энержии Осиёи Марказӣ ва ҳамкории энержии Тоҷикистону Туркманистонро зери суол хоҳад бурд.

Вай гуфт, “системаи ягонаи Осиёи Маркази баъд аз истилолият набуду нест, танҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон буд. Вазири энержӣ низ ҳаминро гуфт, ки агар Ӯзбакистон аз система берун нашавад, мо ҳамон меъёри шартномаро интиқол медиҳем, набошад - не”.

Ҳарчанд Ӯзбакистон ва Қазоқистон барои исботи берунрафти хеш аз системаи мазкур далел ҳам доранд, аммо Нозирҷон Ёдгорӣ, сӯхангӯи Ширкати «Барқи Тоҷик», мегӯяд, ки аз охири моҳи октябр «Барқи Тоҷик» бо таври мухтор Тоҷикистонро бо қувваи барқ таъмин кардааст. Аз ин рӯ даъвоҳои Ӯзбакистон ва Қазоқистон дар мавриди аз меъёр зиёд истифода кардани қувваи барқ асос надоранд.

Вай афуд, "Канак Озунбаев изҳор доштааст, ки гӯё Тоҷикистон аз системаи ягонаи таъмини энержӣ аз Қазоқистон қувваи барқро бидуни шартнома гирифтааст. Ширкати «Барқи Тоҷик» ин хабарро рад мекунад. “Барқи Тоҷик” аз 29 октябри соли ҷорӣ, аз вақте ки Ӯзбакистон кори якҷояро қатъ кард, бо таври мухтор кор карда истодааст ва ягон имкони техникии гирифтани нерӯи барқ вуҷуд надорад”.

Суоли матраҳ ин аст, ки оё Тоҷикистон ва Туркманистон, ки бо ҳам марзи мушатарак надоранд, чи гуна метавонанд ҳамкории энержиро ба роҳ монанд?

Ғулом Сайфиддинов мегӯяд, ки ин ду кишвар метавонанд аз тариқи Қирғизистон, Ботканд-Исфара ва Конибодом хати интиқоли қувваи барқ бикашанд. Вале Нозирҷон Ёдгорӣ бар ин аст, ки дар сурати қатъи интиқоли нерӯи барқ аз тарафи Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон роҳи дигари ҳамкориро дар ихтиёр доранд.

Вай гуфт, “имкони дарёфти роҳҳои дигари ҳамкории энержӣ бо ҳамтоёни туркмани мо вуҷуд дорад. Аз он ҷумла он лоиҳаҳое, ки бояд амалӣ гардонида шаванд. Хусусан мо метавонем тавассути Афғонистон интиқоли барқро аз Туркманистон ба Тоҷикистон ба роҳ монем”.

Тибқи шартномаи байни давлатӣ, қарор аст Туркманистон дар мавсими тирамоҳ ва зимистон ба Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион киловати соат нерӯи барқ интиқол диҳад. Ба гуфти Нозирҷон Ёдгорӣ, агар ин миқдор қувваи барқ бе мушкилоти техникӣ вориди Тоҷикистон шавад, тамоми манотиқи кишвар пурра бо нерӯи барқ таъмин мешавад. Аммо ин барнома танҳо дар ҳоле амалӣ мешавад, ки агар Узбакистон аз тасмими қаблии худ, яъне берун рафтан аз шабакаи умумӣ сар аз 1 декабр даст бикашад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG