Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои мулоқоти Обама ва Ҳатояма


Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико ва Юкио Ҳатояма – нахуствазири Ҷопон, рӯзи ҷумъа дар шаҳри Токио мушорикати амниятӣ, авзоъи Афғонистон, манъи густариши силоҳҳои атомӣ ва тағйири иқлимро баррасӣ карданд. Раҳбарони ду кишвари зимни як нишасти хабарии муштарак гуфтанд, ки ба бозбинии эътилофи 50 солаи Амрикову Ҷопонро шурӯъ хоҳанд кард. Барак Обама гуфт, нахуствазири Ҷопон ваъда додааст, ҳамкориаш бо Амрико барои кӯмак ба Афғонистонро идома медиҳад: "Ман ва нахуствазир ҳамкориҳоямон дар иртибот бо Афғонистону Покистонро баррасӣ кардем ва ман ба мардуми Ҷопон ва нахуствазир ибрози сипос намудам, ки аҳд додааст, ҷиҳати мусоидат ба талошҳои ғайринизомӣ, тайи 5 соли оянда ба Афғонистон панҷ миллиард ва ба Покистон як миллиард доллар кӯмак мекунад." Ҷопон эълом кардааст, ки дигар киштиҳои ҷангиеро, ба Афғонистон лавозимот мефиристанд, бо сӯзишворӣ таъмин нахоҳад кард, аммо дар бахшҳои ғайринизомӣ кӯмакҳояшро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG