Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бритониё ҷӯёи ризояти шариконаш дар НАТО


Гордон Бровн – нахуствазири Бритониё мегӯяд, саъй дорад, то кишварҳои аврупоии узви НАТО ва дигар ҳампаймонҳояшро мойил кунад, ки ба Афғонистон 5 ҳазор сарбози дигар бифристанд. Дар мусоҳибае бо Радиои Би Би Си, Гордон Бровн гуфт, ба баъзе аз кишварҳои Аврупо намояндагонашро фиристодааст, то онҳоро барои иҷрои барномаи мазкур мойил намояд. Бритониё, ки дар Афғонистон 9 ҳазор сарбоз дорад, гуфтааст, ба шарти пайравӣ кардани кишварҳои дигар ба он 500 сарбози дигарашро ба Афғонистон хоҳад фиристод. Гордон Бровн рӯзи панҷшанбе бо Андерс Фог Расмуссен – дабири кулли Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ,вазъ дар Афғонистони нооромро баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG