Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти муҳоҷир...


Субҳониддин, муҳоҷири тоҷик
Субҳониддин, муҳоҷири тоҷик

Ин аксро Иброҳимҷон Рустамов, сокини ноҳияи Исфараи Тоҷикистон гирифтааст. Бо чӣ роҳҳое он ба шабакаи ҷаҳонии интернет афтод ва аз тарафи сомонаҳои зиёде мунташир гашт, ки метавонад, нишони ҳамдардии ҷаҳониён ба вазъи муҳоҷирони тоҷик бошад.

Дар акс муҳоҷири корӣ Субҳониддинро мебинем, ки бо пои маҷрӯҳ ба ватан бармегардад. Гуфта мешавад, вай аз тори биное, ки ба сохтмони он машғул буд, поён афтода, дар натиҷа пояш шикастааст.

Чашмони ӯ пур аз андӯҳанд. Ба андозае, ки як бинанда навиштааст, дар ин чашмон ҳамзамон ашки ғам ва шодиро мебинад. Ғам аз он ки захмӣ шуд, аз кор монд ва шояд бо пули каме ба назди азизони хеш бармегардад, аммо шодӣ аз он ки ба ҳар ҳол зинда монд ва ба ҳар ҳол ба Ватан бармегардад.

Иброҳимҷон Рустамов навиштааст, дар ҳамон ҳавопаймо аз Красноярск ду ҳамватани Субҳониддин даруни тобут бармегарданд. Дар Тоҷикистон хешу ақрабои онҳо бо либоси мотам пешвозашон хоҳанд гирифт.

Ин танҳо як акс аст, аммо баёнгари вазъи муҳоҷирон буда метавонад. Аз он метавон тахмин зад, ки онҳо дар сари биное, ки месохтанд, бе риояи қоидаи амниятӣ кор мекарданд ва ҷони худро дар хатар мегузоштанд.

Ин танҳо як акс аст, аммо чӣ қадар маънӣ дорад ва ҳамин як акс яке аз мушкилҳои имрӯзаи тоҷиконро ба ҷаҳониён хабар додааст.

Агар Шумо ҳам аксҳои ҷолибе доред, чӣ шоду чӣ ғамбор, ба мо фиристед, то ҳазорон нафар онҳоро дар ин ҷо бубинанд ва биандешанд.
XS
SM
MD
LG