Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон ба пойгоҳи Амрико ҳамла карданд


Дар ҳамлаи маргталабонае дар назди як пойгоҳи азими низомии Амрико дар шаҳри Кобул шаш нафар се шаҳрванди хориҷӣ ва се афғон маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳамла дар беруни пойгоҳи Феникс, дар наздикии фурудгоҳи Кобул сурат гирифтааст, ки асосан сарбозони амрикоӣ аз он истифода мекунанд. Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст. Ба гуфтаи сухангӯи гурӯҳ, бомбгузори маргталаб мошинашро ба корвони мошинҳои хориҷӣ равона кардааст.
XS
SM
MD
LG