Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниқори тундравон аз артиши Покистон


Бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар шаҳри Пешовари Покистон имрӯз дасти кам 10 нафар кушта шуданд. Бомбгузори маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба як бинои мутаалиқи Хадамоти ҷосусии Покистон равона кардааст, ки дар натиҷа девори пеши бинои сеқабата фӯру рехта ва 55 тани дигар ҳам маҷрӯҳ шудаанд. Баъди фурсати кӯтоҳе баъди ин ҳамла дар Пешовар, бомбгузори дигаре, мошинашро ба қароргоҳи пулис дар шаҳри Бақохел, дар минтақаи қабоилнишини Афғонистон кӯбид ва шаш нафарро кушта, ва ҳашт тани дигарро маҷрӯҳ кард. Ҳамлаҳои тундравон ба зидди артиши Покистон, ки амалиётеро ба зидди онҳо дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон идома медиҳад, вақтҳои ахир афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG