Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду бозии охирини мусобиқаи қаҳрамонии лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ бар тими «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. Тими «Хайр»-и Ваҳдат бар дастаи мизбон - РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дастаҳои «Саройкамар» ва «Хайр» 42-имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Саройкамар» (51-21) ҷои аввал ва «Хайр» (47-25) ҷои дуввумро касб карданд. Дастаи «Ҷавонон»-и Турсунзода бошад, бо 38 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифт.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси низомномаи мусобиқа се дастаи пешсаф – «Саройкамар», «Хайр» ва «Ҷавонон» барои ширкат дар мусобиқаи соли 2010 байни тимҳои лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар» (Панҷ)

18

14

0

4

51-21

42

2.

«Хайр» (Ваҳдат)

18

13

3

2

47-25

42

3.

«Ҷавонон» (Турсунзода)

18

12

2

4

54-30

38

4.

«Зарафшон» (Панҷакент)

18

9

4

5

36-28

31

5.

«Панҷшер» (Румӣ)

18

8

1

9

49-40

25

6.

«Ҳулбук» (Восеъ)

18

8

1

9

39-46

25

7.

«Рангонгаз» (Рӯдакӣ)

18

6

3

9

23-32

21

8.

РШВСМ (Душанбе)

18

4

3

11

21-37

15

9.

«Локомотив» (Душанбе)

18

4

1

13

17-45

13

10.

«Барқ» (Норак)

18

2

2

14

12-47

8


Саймурод Юнусов («Панҷшер») бо18 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид.
XS
SM
MD
LG