Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи пизишкони тоҷик дар Қирғизистон


Профессор Абдуҳалим Раҳимҷонов, ки 16 сол раёсати созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакиро ба ӯҳда дошт, зодаи деҳаи Учқӯрғони вилояти Ботканд аст. Вай соли 1959 мактаби миёнаи ба номи Пушкини ин деҳаро бо шаҳодатномаи аъло хатм кардааст.

Профессор Раҳимҷонов тайи як сӯҳбати вижа бо радиои Озодӣ гуфт, баъди хатми мактаб ба Бишкек (он вақт ин шаҳр Фрунзе ном дошт) барои идомаи таҳсил омад ва ба донишгоҳи тиб дохил шуд. Ба гуфтаи Абдуҳалим Раҳимҷонов, солҳои донишҷӯӣ паси сар шуданд ва баъди хатми донишгоҳ шодравон академик Мирсаид Мирраҳимов вайро барои кор ба кафедрааш даъват кард. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки ба аспирантура дохил шуд ва соли 1970 рисолаи номзадиро ҳимоя кард.

Профессор Раҳимҷонов мегӯяд, ки дар аксари донишгоҳҳои тиббии фазои шӯравии собиқ таҳсил ба забони русӣ ба роҳ монда шуда буд, аз ин лиҳоз баъзе ҷавонон ба далели надонистани забони русӣ таҳсилро ба зудӣ дар донишгоҳ қатъ мекарданд ва ба хона бармегаштанд. Вай афзуд, вале ба далели он ки дар мактаби миёна забони русиро ба хубӣ омӯхта буд, зимни таҳсил дар донишгоҳ чандон ба мушкилоти забонӣ рӯбарӯ нашуд.

Оилаи Раҳимҷоновҳоро сулолаи пизишкон ном мебаранд. Бародари бузурги Абдуҳалим Раҳимҷонов - Абдуҳафиз Раҳимҷонов ба унвони Духтури шоистаи ҷумҳурии Қирғизистон мушарраф шудааст ва фарзанди ӯ - Абдулазиз доктори илми тиб мебошад. Абдулазиз мудирияти пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ» дар вилояти Фарғонаи Ӯзбакистонро бар дӯш дорад. Ҳамшираи ӯ Дилором баъди хатми донишгоҳи тиббии шаҳри Бишкек ба ҳайси пизишки бемориҳои дарунӣ дар бемористони деҳаи Учқӯрғон ба ҳифзи саломатии мардум машғул аст.

Абдуҳалим Раҳимҷонов соҳиби як духтар ва як писар мебошад. Духтараш Моҳигул пизишки дараҷаи олист ва писараш Расул ба наздикӣ рисолаи номзадиро ҳимоя кард ва дар яке аз клиникҳои шаҳри Бишкек вазифа анҷом медиҳад.

Ягона мутахассиси соҳаи дигар дар ин оила ҳамсараш мебошад. Муқаддасхон математик аст.

Профессор Раҳимҷонов дар мавриди таъсиси созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ мегӯяд, зимни сукунат ва кор дар Бишкек дид, ки олмониҳову украинҳо, белорусҳову дунганҳо ва куриёиву тоторҳо марказиҳои фарҳангии худро таъсис додаанд. Аз ин лиҳоз моҳи ноябри соли 1992 ба Учқӯрғон рафт ва ин масъаларо дар миён гузошт. Ҳамин тавр, бо кӯмак ва дастгирии як гурӯҳ равшанзамирони Учқӯрғон ин созмон таъсис ёфт. Вай гуфт, ки 16 сол раёсати созмони тоҷиконро вай бар дӯш дошт.

«Вақте ки ба мактабҳои зодгоҳам Учқӯрғон ва шаҳраки Ҳайдаркону деҳаи Андараки ноҳияи Лолак мерафтам, медидам, ки аксарияти фарзандони мардуми тоҷиктабор ба забони русӣ ё ӯзбакӣ таҳсил мекунанд. Ба онҳо гуфтам, ки бубинед, ман мактабро ба забони тоҷикӣ хатм карда ва ба ҳамин қадар унвонҳои баланди илмӣ ва мукофотҳо сазовор шудам. Пас, барои чи шумо фарзандони худро ба тоҷикӣ намехононед? Ҳоло бинед, ки чанд мактаби тоҷикӣ дубора арзи вуҷуд намуд ва шумораи синфу мактабҳои тоҷикӣ дар мо афзуд»

Абдуҳалим Раҳимҷонов узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон аст. Вай унвони Пизишки шоистаи ҷумҳуриро ба даст овардааст. Дасти кам дусад мақолаҳои илмӣ навиштааст. Муаллифи чаҳор китоби дарсӣ мебошад, ки дар донишгоҳҳои тиббии Қирғизистон донишҷӯён аз он сабақ меомӯзанд. Вай ба нишонҳои зиёди давлатӣ сарфароз шудааст. Профессор Абдуҳалим Раҳимҷонов аввалин пизишки тоҷик дар Қирғизистон муаррифӣ шудааст, ки ба нишони «Шараф» сазовор гардидааст. Ӯ аз соли 2008 раиси ифтихории Иттиҳоди ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG