Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Барак Обама ба кишварҳои Осиё


Барак Обама ва сарвазири Ҷопон, Юкио Ҳатояма (аз рост), Токио, 13 ноябри соли 2009.
Барак Обама ва сарвазири Ҷопон, Юкио Ҳатояма (аз рост), Токио, 13 ноябри соли 2009.

Имрӯз Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, дар чаҳорчӯби силсилабоздидҳояш аз кишварҳои Осиё вориди Ҷопон шуд.

Ин силсилабоздидҳо 10 рӯз давом мекунад.

Интизор меравад, ки дар музокироти миёни Обама ва Юкио Ҳатояма, нахуствазири Ҷопон, масъалаи боло рафтани қудрати иқтисодии Чин, тағйири иқлим ва равобити амниятӣ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор бигирад. Равобити амниятии Амрикову Ҷопон ахиран сард шудааст. Нахуствазири нави Ҷопон баъд аз гирифтани ин мақом гуфт, бояд пойгоҳи низомии Амрико аз ҷазираи Окинаваи Ҷопон хориҷ шавад.

Дар чаҳорчӯби нахустин сафараш ба Осиё Барак Обама ҳамчунин аз Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур ва Чин дидан хоҳад кард. Коршиносон мегӯянд, чолиши асосии Обама дар ин сафар он хоҳад буд, ки то чӣ андоза нигарониҳои кишварҳои минтақаро аз афзоиши нуфузи Чин бартараф хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG