Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ҳамкориҳои Душанбеву Ашқобод


Имрӯз дар Душанбе иҷлоси дуввуми кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ба кори худ идома медиҳад. Барои баррасӣ дар ин иҷлос 10 масъала пешниҳод шудааст. Танзими қарзи Тоҷикистон аз Туркманистон, ки барои солҳои 1992-1994 17,8 миллион долларро ташкил медиҳад, аз ҷумлаи ин масоил ба шумор меравад. Ҷониби Туркманистон гуфтааст, ки омода аст дар фасли зимистон таъаҳҳудоти худро дар мавриди интиқоли барқ ба Тоҷикистон иҷро кунад, ба шарти ин ки Тоҷикистон масъалаи транзити барқро бо ҷониби Ӯзбакистон ҳамоҳанг созад.
XS
SM
MD
LG