Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Барак Обама барои боздид вориди Ҷопон мешавад


Имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико барои силсилабоздидҳо аз кишварҳои осиёӣ вориди Ҷопон мешавад. Ин силсилабоздидҳо 10 рӯз давом мекунад. Интизор меравад, ки дар музокироти миёни Обама ва Юкио Ҳатояма-нахуствазири Ҷопон масъалаи боло рафтани қудрати иқтисодии Чин, тағири иқлим ва равобити амниятӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор бигирад. Равобити амниятии Амрикову Ҷопон ахиран сард шудааст. Нахуствазири нави Ҷопон баъд аз эҳрози ин мақом гуфт, бояд пойгоҳи низомии Амрико аз ҷазираи Окинаваи Ҷопон хориҷ шавад.
XS
SM
MD
LG