Пайвандҳои дастрасӣ

Писари мухолифони давлат мақоми давлатӣ гирифт


Кайрат Нурқадилов-писари марҳум Замонбек Нурқадилов-яке аз раҳбарони мухолифони раиси ҷумҳури Қазоқистон дирӯз дар Алмаато раиси раёсати манзили шаҳрдорӣ таъйин шуд. Падари вай замоне аз ёрони наздики Нурсултон Назарбоев буд, вале дар соли 2004 ба яке аз мухолифони сарсахт табдил ёфт ва ҷасади вайро 12-ӯми ноябри соли 2005 дар хонааш дар Алмаато пайдо карданд. Бо вуҷуди ин ки вай захми ду тир дар қафаси сина ва захми як тир дар сараш дошт, эълон карданд, ки Нурқадилов худкушӣ кардааст. Дар муқоиса бо солҳои пеш имсол 12-ӯми ноябр раҳбарони мухолифони давлат ва хешовандони Нурқадилов дар робита бо рӯзи маргаш гирдиҳамоӣ ташкил накарданд.
XS
SM
MD
LG