Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасан Малик ба тирандозӣ муттаҳам эълон шуд


Артиши Амрико саргурд Низол Малик Ҳасан-табиби равоншиносро барои куштор дар пойгоҳи низомии Форт Ҳуди Амрико аз рӯи 13 модда гунаҳгор эълон кард ва ин кушторро куштори қаблан тарҳрезишуда хонд. Малик Ҳасан-равоншиноси низомӣ, ки дар хонаводаи муҳоҷир дар Амрико ба дунё омадааст, 5-ӯми ноябр дар пойгоҳи Форт Ҳуд 13 нафарро тирборон кард. Крис Грей-сухангӯи раёсати бозрасиҳои ҷиноӣ гуфт, артиш рад намекунад, ки дар оянда мумкин аст иттиҳомоти дигар ба ин парванда изофа шавад.
XS
SM
MD
LG