Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия хостори нақши фаъолтари Амрико дар сулҳ шуд


Имрӯз Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия дар Порис бо Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса мулоқот мекунад. Вай дар остонаи ин мулоқот дар як мусоҳиба бо рӯзномаи Le Figaro гуфт, Амрико дар сулҳи Ховари Миёна миёнрави заиф аст ва барои дубора ба даст гирифтани нақши худ бояд бештар кор кунад. Никола Саркозӣ дар авоили ҳамин ҳафта бо Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил дидор ва гуфтугӯ карда буд. Башор Асад дар ин мусоҳиба аз президент Барак Обама дархост кардааст, ки нақшаи фаъолият барои азсаргирии музокироти сулҳро пешниҳод кунад. Вай афзудааст, бо вуҷуди як силсила мулоқотҳои дипломатҳои Сурияву Амрико аз моҳи март ба ин сӯ, миёни Сурияву Амрико, ба қавли худаш "барқарории боварӣ" вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG