Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона: "Рафтори Тоҷикистон бемасъулиятона аст"


“Дар сурате, ки Тоҷикистон аз низоми воҳиди энергетикии Осиёи Марказӣ истифодаи бидуни муҷози барқро хотима надиҳад, Қазоқистон аз ҳайати ин низом хориҷ хоҳад шуд”. Ин изҳорот имрӯз дар Остона дар як нишасти матбуотӣ аз забони раиси ширкати идораи шабакаҳои барқии Қазоқистон Қанот Бозумбоев садо дод. Вай афзуд, ки Тоҷикистон бидуни қарордоду пардохти ҳақ барқро истифода мекунад, дар ҳоле, ки ҳар киловатти истифодашудаи он дар Қазоқистон ҳисобу китоб мешавад. Вай рафтори Тоҷикистонро “бемасъулиятона” хонд, ки метавонад ба амнияти энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид кунад. Оқои Бозумбоев дар ин нишаст ҳамчунин аз ҳамтоёни ӯзбакистониаш танқид кард, ки бо ҳар лаҳза тағйир додани тасмимашон дар замини узвият ва ё берун шудан аз ин шабакаи ягона ба муассирияти кори он халал ворид мекунанд. Вуҷуди созишҳои пасипардаии дуҷонибаро миёни Ӯзбакистону Қирғизистон дар заминаи хариду фурӯши барқ ӯ чун нақзи муқаррароти кори низоми шабакаи воҳид қаламдод кард.
Низоми воҳиди энергетикии Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз даврони шӯравӣ амал карда интиқоли бемамоният ва ройгони барқро ба кишварҳои дохили ин шабака дар назар мегирад.
XS
SM
MD
LG