Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури дохилӣ ба Бадахшон рафт


Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо як сафари корӣ дар вилояти Бадахшон ба сар мебарад. Рӯзи ҷумъа дар Хоруғ қарор аст коллегияи вазорат доир шавад, ки дар кори он натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар соли ҷорӣ баррасӣ хоҳад шуд. Қаҳҳоров, ки ба ин мақом охири моҳи январи соли ҷорӣ баъди аз вазифа барканор шудани вазири собиқ Маҳмадназар Солеҳов ба ин мақом таъйин шуд, бори аввал аст, ки дар ин мақом аз Бадахшон дидан мекунад.
Рӯзи панҷшанбе оқои Қаҳҳоров бо мақомоти дигари умури дохила аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз дидан кард. Яке аз ҳадафҳои ин сафар ошноӣ бо кори идораҳои милисаи вилоят ва инчунин сохторҳои умури дохилии навоҳии наздимарзии вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон мебошад.
XS
SM
MD
LG