Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон афв шуданд


Аз беморхонаи раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳудуди 20 нафар маҳбус озод шуданд.

Хуршед, маҳбуси ҷавон, ки ду сол ҳукми ҷазо гирифта буд, инак баъди нӯҳ моҳи адои ҷазо ба озодӣ баромад.
«Ду сол мӯҳлатам дода буданд, инак имрӯз озод шудем. Аз авфи раиси ҷумҳур миннатдорем. Дигар ҷиноят содир намекунем».

Хуршед бо ҷурми он, ки аз хидмати артиш саркашӣ кардааст, зиндонӣ шуда буд. Ӯ аз саломатии хеш шиква карда, мегӯяд, баъди бозгашт ба хона ҳатман ба муолиҷаи саломатии хеш мепардозад.

Ғолибшо ҳам мисли Хуршед аз хидмат дар артиш фирор карда буд ва баъди сипарӣ шудани якуним соли ҳабс ба озодӣ баромад. Ғолибшо аз кардааш пушаймон шуда, тасмим гирифтааст, барои хидмат ба сафи артиш баргардад. Вай хиҷолатмандона мегӯяд:
«Ман ҳам аз хидмат саркашӣ кардам. Зиндонӣ шудем, албатта ҳеҷ касро намефорад, ки зиндонӣ шавад. Ба ҷавонҳо гуфтанием, ки аз хидмат саркашӣ накунанд, ҷиноят содир накунанд».

Миёни 18 нафар маҳбусе, ки рӯзи панҷшанбе афв шуданд, беморон ҳам буданд. Назир, ки мубталои бемории сил аст, мегӯяд, аз ин баъд бемориашро аз ҳисоби хонаводаашон бояд табобат кунад. Маҳбуси дигар, ки худро Хуршед муаррифӣ кард, гуфт, ӯ дар зодгоҳаш дар қайди беморони сил буда, аз тарафи яке аз ташкилоти хориҷии олмонӣ, ки ба табобати беморони сил машғул аст, муроҷиат хоҳад кард. Зеро дигар илоҷ надорад.

Дар асоси қонуни авф бояд 10 ҳазор маҳбусони зиндонҳои Тоҷикистон авф карда шаванд, ки аз байни онҳо то 3 ҳазор нафар аз маҳбасҳо раҳо ва мӯҳлати ҷазои дигарон кӯтоҳтар хоҳад шуд. То ба имрӯз ҳудуди 500 нафар маҳбусон озод гардидаанд ва дар назар аст, ки рӯзҳои наздик боз 200 нафар зиндонии дигар озод шавад. Бино ба иттилои мақомоти расмӣ, дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор зиндонӣ ҳастанд. Аммо як манбаи мӯътамади расмӣ ин оморро рад карда, ба Озодӣ гуфт, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 16 ҳазор зиндонӣ ҳастанд ва шароити моддии онҳо нигаронкунанда аст.

Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, вазъи моддӣ ва маънавии зиндониён дар кишвар хеле ташвишовар аст. Ва ин ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, на танҳо хусусияти адлу адолатгарӣ дорад. Балки зиндонҳои Тоҷикистонро низ то андозае аз маҳбусони бемору гуруснаву дардманд ба гунае каме сабук кард. Ба гуфти Шодӣ Шабдолов, зиндонҳои Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ барои теъдоди муаяйни маҳбусон сохта шуда буданд. Аммо имрӯз даҳҳо маротиб зиёдтар аз он меъёри муаяйншуда, маҳбусон нигоҳ дошта мешаванд. Оғои Шабдолов гуфт: «Ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ҷавонҳо ва занҳои бисёр ба зиндон афтиданд. Барои таъмини шароити ҳадди ақал хуби зиндонҳои кишвар маблағи калон даркор аст. Аммо давлати Тоҷикистон имкони дарёфти ин маблағро надорад».

Шодӣ Шабдолов бо ишора ба он ки шароити моддии маҳбусон хеле риққатовар аст, меафзояд, давлати Тоҷикистон набояд дар доираи расонидани кӯмакҳои беҳдоштӣ ба зиндонҳо қаноатманд бошад. Ба қавли вакили мардумӣ аз ҳизби коммунист, ҳукумат бояд барои омӯхтани вазъи моддӣ ва маънавии зиндониён, шароити нигоҳубини онҳо ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба роҳ монад. Чанде пеш намояндагони Дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ зимни як нишаст дар Душанбе изҳори нигаронӣ карданд, ки қонунҳои Тоҷикистон дар доираи стандартҳои байналмилалӣ қабул шудаанд, аммо то кунун барои ошно шудан ба шароити моддии зиндонҳо ва ҳаёти зиндониён ба ягон ниҳоди давлатӣ ва хориҷӣ иҷоза дода намешавад.
XS
SM
MD
LG