Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарқият дар омори Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ


ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки СММ, дар гузориши ҷадидаш камбуди ғизоро як иллати аслии маргу мири атфоли хурдсол, ба хусус дар кишварҳои фақири ҷаҳон номидааст.

Ин гузориш мегӯяд, феълан дар ҷаҳон 634 миллион кӯдаки зери синни 5 ба сар мебарад ва танҳо соли гузашта дар дунё 8 миллион 800 ҳазор кӯдаки зери синни 5 фавтидааст. Бино бар бароварди ЮНИСЕФ, соли гузашта мизони миёнаи маргумири атфоли зери синни 5 дар ҷаҳон 65 кӯдак аз ҳар ҳазор тифлро ташкил додааст.

Мизони маргумири чунин атфол дар Тоҷикистон дар соли 2008 назар ба ин омори миёна андаке камтар, яъне 64 кӯдаки зери синни 5 аз ҳар ҳазор кӯдак буда, вале Тоҷикистон аз лиҳози фавти атфоли хурдсол дар байни кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчунон дар зинаи поинтарин қарор доштааст. Барои мисол, дар се кишвари соҳиби Балтик – Эстония ва Литваву Латвия ин рақам ҳамагӣ аз 6 то 9 кӯдак аз ҳар ҳазор тифлро ташкил дода, дар Русияву Беларус ба 13 баробар будааст. Дар Қазоқистон соли гузашта аз ҳазор кӯдаки зери синни 5 - 30 кӯдак, дар Узбакистону Қирғизистон – 38 ва дар Туркманистон – 48 кӯдак, ба қавле, аз сад гул як гулашон ношукуфта, оламро падруд гуфтаанд.

Шералӣ Раҳматуллоев, кафили раҳбари раёсати ташкили хидматрасониҳои тиббӣ, модару атфол ва танзими оилаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон аммо гуфт, ки тибқи омори онҳо, соли гузашта аз ҳар ҳазор тифли зери синни 5 ҳамагӣ 19 нафараш фавтидаанд. Оқои Раҳматуллоев фарқи омори расмии Душанбе аз омори ЮНИСЕФРО ба фарқи методологияи муҳосибаи мавориди фавти атфол бастагӣ медиҳад.
XS
SM
MD
LG