Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти раҳбари НАТО дар робита бо Афғонистон


Дабири кулли НАТО имрӯз гуфт, ки нирӯҳои ин паймон бояд соли оянда дар манотиқе, ки шароит даст медиҳад, интиқоли масъулиятро ба артиши Афғонистон бо як шеваи ҳамоҳангшуда оғоз кунанд. Андерс Фог Расмуссен изҳороти худро дар Лондон ба шакли катбӣ баъди дидораш бо нахуствазири Бритониё Гордон Браун ироа кард. Браун ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки интиқоли масъулияти таъмини амният дар вилояти ҷанубии Ҳилманд, ки аксари нӯҳ ҳазор нирӯҳои бритониёӣ дар он мустақар ҳастанд, имкон дорад аллакай моҳи июн шурӯъ шавад. Вале мунаққидон мегӯянд, ки ҳукумати Афғонистон чунон фасодзадаву нотавон аст, ки наметавонад ба ҷараёни интиқоли масъулият кӯмак расонад. Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул вазири дифои Афғонистон Абдулраҳим Вардак гуфт, ки нирӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии НАТО метавонанд дар мӯҳлати чор то панҷ сол, дар сурати хатми муваффақи машқҳои нирӯҳои маҳаллӣ марҳила ба марҳила берун шаванд.
XS
SM
MD
LG