Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев ба навсозӣ даъват кард


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар суханронии солонаи худ ба бозгашти мақоми абарқудрати кишвараш тавассути “навсозиҳои фарогиру густарда” даъват кард. Вай вобастагии идомаёбандаи Русияро аз сохторҳои саноатии даврони шӯравӣ ва содироти маводи хом танқид кард ва гуфт:

“Дар асоси дидгоҳҳои ман дар бораи ояндаи Русия эътимоди комил ба зарурат ва имконпазир будани идеяи касби мақоми як давлати абарқудрате бар пояи заминаҳои комилан нав қарор дорад”.

Медведев ба рушди фанновариҳои нав ба хотири дастёбӣ ба пешрафтҳои иқтисодӣ даъват ба амал овард.
Дар суханронии имрӯзааш дар баробари парлумони Русия, ки баъди сари қудрат омадани ӯ бори дуюм аст, ки сурат мегирад, Дмитрий Медведев коҳиши шумори манотиқи аз лиҳози вақту соат тафовутдоштаро ба хотири дастёбӣ ба муассирияти иқтисодаш пешниҳод кард.
XS
SM
MD
LG